Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волкер фаъолиятҳои Русияро дар шарқи Украина "ишғолгарӣ" номид


Курт Волкер
Курт Волкер

Намояндаи хоси Амрико барои Украина фаъолиятҳои Русияро дар шарқи Украина "ишғолгарӣ" номид.

Курт Волкер рӯзи 28-уми май аз Маскав хост, ки ба иҷрои ваъдаҳои худ бар асоси созишномаи Минск оғоз кунад. Вай гуфт, Украина ҳам бояд масъулиятҳои худро ба ҷо орад.

Ҳадафи мувофиқатномаи Минск, ки соли 2015 имзо шудааст, поён додан ба ҷанги байни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия дар шарқи Украина аст.

Волкер дар суҳбати видеоӣ бо хабарнигорон аз Вашингтон дар мавриди ояндаи Украина зери раҳбарии президенти нав Владимир Зеленский суҳбат кард.

Ӯ гуфт: "Мо ба Владимир Зеленский дар бораи афроди ҷудогона ягон тавсияи хос надодем, зеро ба усули мудирият ва сиёсатҳое, ки вай иҷро мекунад, таваҷҷуҳ дорем. Дар бораи ваъдаи раисҷумҳур Зеленский барои ислоҳот дар Украина, мубориза бо фасод, ислоҳи низоми адлия ва ҳокимияти қонун. Мо аз ин усул ва сиёсатҳо пурра ҳимоят мекунем ва мунтазири ҳамкорӣ бо ӯ ҳастем."

Владимир Зеленскийи 41-сола, ҳаҷвнигор ва бозингари бе ҳеҷ гузаштаи сиёсӣ, рӯзи 21-уми апрели имсол дар даври дувуми интихоботи президентии Украина Петро Порошенкоро шикаст дод. Вай рӯзи 20-уми май ба ҳайси раисҷумҳур савганд ёд кард ва расман ба кор оғоз намуд.

XS
SM
MD
LG