Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон аз омӯзгорон иҷборан "садақаи фитр" меситонанд


Дар вилояти Андиҷони Узбекистон омӯзгорони мактабҳои миёнаро маҷбур доранд, ки ба ҳисоби бунёди хайрияи "Вақф"-и ин кишвар пул гузаронанд.

Ба гуфтаи омӯзгорон, аз ҳар нафари онҳо пешакӣ имзо мегиранд, ки розӣ аст, аз моҳонааш ҳамчун садақаи фитр 50 ҳазор сӯм (6 доллар) бигиранд. Мудири яке аз мактабҳои Андиҷон низ тасдик кард, ки аз маоши омӯзгорон маблағи муайянеро ҳамчун садақаи фитр меситонанд.

Вале як намояндаи бунёди "Вақф" гуфт, ин маърака бо ташаббуси мақомоти маҳалҳо роҳандозӣ шуда, раҳбарияти бунёд ба касе дастур надодааст ва хайр кардан ба ҳисоби онҳо низ кори ихтиёрӣ аст.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони ноҳияи Андиҷон, ки нахост номаш бурда шавад, аз муаллимони мактабҳо бори нахуст садақаи фитр ҷамъ карда мешавад. Омӯзгорони мактабҳои дигари ноҳия низ тасдиқ карданд, ки мақомот аз онҳо барои бунёд пул талаб доранд.

Муовини мудири яке аз мактабҳои Андиҷон гуфт, маъракаи мазкур бо дастури раҳбарияти Идораи маорифи вилоят роҳандозӣ шудааст. "Аз вилоят ба мудири маорифи ноҳия дастур додаанд ва мудири маориф низ дар навбати худ ба раҳбарони мактабҳо дастур дод. Ҳамаи омӯзгоронро маҷбур доранд, ки дар рӯйхат имзо гузошта, ба муҳосиб диҳанд. Ин кор дар ҳамаи мактабҳо дида мешавад",-афзуд ӯ.

Яке аз имомҳои вилояти Андиҷон гуфт, маъракаи ҷамъоварии садақаи фитр дар тамоми вилоят ҷараён дорад. "Аз омӯзгорони мактабҳо 50-ҳазорсӯмӣ ва аз кормандони корхонаҳои дигар бештар гирифта мешавад. Ҳоло ҳамаи имомҳо кӯча ба кӯча гашта, пул мепурсанд. Мардум норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, пули додаашон то ба ниёзмандон намерасад",-изҳор дошт имом.

Ёдрас мешавем, моҳи апрели соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯиё раҳбари бунёди хайрияи "Вақф" ҳамчун нақлиёти хидматӣ гаронтарин мошини истеҳсоли Узбекистон - "Малибу-2"-ро харидааст. Намояндагони бунёд гуфтанд, ки мошинро ба хотири пешвоз гирифтани меҳмонҳои хориҷӣ харидаанд.

XS
SM
MD
LG