Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар канори "Ҳайдаркӯл"-и Узбекистон нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад


Ширкати русии "Росатом" тасдиқ кард, ки бунёди нирӯгоҳи ҳастаиро дар Узбекистон солҳои 2020-2021 оғоз карданист. Қарор аст, ин нерӯгоҳ дар наздикии обанбори "Ҳайдаркӯл" дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷизах бунёд шавад.

"Чандин гузина баррасӣ ва майдони зебое бо номи "Ҳайдаркӯл" интихоб карда шуд. Ин майдонро хуб медонем, вале бояд гуфт, ки тасмими ниҳоӣ пас аз дарёфти иҷозатнома барои бунёди нирӯгоҳ дар макони мазкур гирифта мешавад",-иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханони раҳбари "Росатом" Алексей Лихачев.

Ба гуфтаи Лихачев, "Росатом" тасмим дорад, то охирҳои соли 2020 иҷозатномаи бунёди нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро дар Узбекистон дарёфт ва сохтмони онро то соли 2021 оғоз кунад. Ҳайдаркӯл дар шимолу шарқи Узбекистон ҷойгир аст ва аз нигоҳи масоҳат пас аз баҳри Арал дувумин кӯли бузургтарин дар минтақа ба шумор меравад.

Масъалаи бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нерӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Узбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

Лихачев он замон гуфта буд, ки Русия пешниҳод дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ сохта шавад. Иқтидори нирӯгоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад. Бино бар барномарезии мақомоти Узбекистон, нерӯгоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Тибқи нақша, нерӯгоҳ бояд то соли 2030 мавриди истифода қарор гирад. Ҳукумати Русия барои бунёди он ба Узбекистон қарз хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG