Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли фиристодаи Кореяи Шимолӣ ба музокироти ҳастаӣ бо ИМА


Ким Ҳёк Чхол дар акс дар миёна бо гарданбанди кабуд аст
Ким Ҳёк Чхол дар акс дар миёна бо гарданбанди кабуд аст

Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, фиристодаи хоси ин кишварро дар музокироти ҳастаӣ бо Амрико барои нокомӣ дар музокирот бо президент Доналд Трамп ба қатл маҳкум кардааст. Музокирот моҳи феврали имсол дар шаҳри Ҳаной баргузор шуда буд.

Фиристодаи вижа Ким Ҳёк Чхол ва чаҳор корманди Вазорати умури хориҷии Кореяи Шимолӣ моҳи март дар ҷосусӣ ба манфиати Амрико гунаҳкор шуданд. Онҳоро дар фурудгоҳи “Мирим”-и шаҳри Пхенян ба қатл расондаанд. Дар ин бора рӯзи 31-уми май нашрияи “Чосон Илбо” гузориш дод.

Нашрияе, ки дар Кореяи Ҷанубӣ нашр мешавад, бо такя ба як манбаи беномаш дар Кореяи Шимолӣ чунин навишт: “(Ким Ҳёк Чхол) барои гузоришҳои нокомилаш дар бораи ҷараёни музокираҳо ва ҳам ба хотири ҷосусӣ ба манфиати Амрико гунаҳкор дониста шуд”.

Ба илова, Ким Ён Чхол, масъули дигари музокираҳо бо Амрико ва ҳамкори котиби давлати ИМА Майк Помпео дар музокироти ҳастаӣ, ба як қароргоҳи тарбиявии воқеъ дар минтақаи Чагандо барои “гузаштани дарсҳои тарбиявиву идеологӣ” фиристода шуд. “Ин қароргоҳ дар шимоли Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст”, -- менависад нашрия.

Хабарнигорон менависанд, ки тадбирҳои муҷозоткунанда ба мақомоте дар Кореяи Шимолӣ рабт гирифт, ки дар омодагии музокирот бо Амрико иштирок карданд ва аз моҳи феврал ба ин сӯ дар бораи онҳо касе чизе нашунида буд.

Мақомоти Сеул ин хабарро феълан тасдиқ намекунанд. Хабаргузориҳои русӣ рӯзи 31-уми май навиштанд, ки феълан мақомот дар Кореяи Ҷанубӣ дурустии хабари иҷрои ҳукми қатли дипломатҳои баландпояи Вазорати умури хориҷии Кореяи Шимолиро тасдиқ намекунанд.

Хабаргузории ТАСС навишт, Вазорати умури муттаҳидсозӣ дар Ҷумҳурии Корея хабари иҷро шудани ҳукми қатл нисбат ба фиристодаи масоили сиёсӣ дар умури ИМА Ким Ҳёк Чхолро тасдиқ карда наметавонад.

“Дар ҳоли ҳозир ба мо чунин хабар дастрас нашудааст ва матбуоти расмии Кореяи Шимолӣ ҳам дар бораи кушта шудани Ким Ҳёк Чхол чизе нанавиштааст”, --гуфт мақоми Вазорати умури муттаҳидсозӣ ба хабарнигори ТАСС дар Сеул.

Нашрияи “Чосон Илбо” хабар дод, ки Ким Ҳёк Чхол дар анҷоми бенатиҷаи музокираҳо бо Доналд Трамп гунаҳкор шуда, моҳи март ҳукми қатлаш иҷро шуд. Дар идома нашрия менависад, хоҳари хурдии худи раҳбари Кореяи Шимолӣ – Ким Ё Ҷон, ки ҳамчунин мақоми муовини аввали шӯъбаи таблиғоти Кумитаи марказии Ҳизби кори Кореяро ба ӯҳда дорад, барои музокираҳои бенатиҷа бо Трамп ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудааст.

Ким Ё Ҷон дар сафар ба Ҳаной бародари худро ҳамроҳӣ кардааст.

Ба навиштаи нашрияи кореягӣ, дар миёни нафарони дигаре, ки дар нокомии ҳамоиш бо Трамп гунаҳкор шуданд, инчунин, тарҷумони худи раҳбари Кореяи Шимолӣ низ мебошад. Ӯро ҳам ба қароргоҳи тарбиявии монанд ба зиндон фиристоданд.

Ҳамоиши Кореяи Шимолӣ ва ИМА рӯзҳои 27 ва 28-уми феврали имсол дар пойтахти Вйетнам баргузор шуд. Дар пайи чандин мулоқот, аз ҷумла гуфтугӯҳои рӯбарӯ, Доналд Трамп ва Ким Чен Ин ба ҳеҷ мувофиқае нарасиданд ва дар поёни нишаст ҳам ҳеҷ санад имзо нашуд.

Трамп музокирот бо Кореяи Шимолиро дар маркази сиёсати хориҷии худ қарор дода, дар бораи президент Ким Чен Ин изҳороти гуногун нашр кардааст.

Бори охир дар ҷараёни сафараш ба Ҷопон рӯзи 26-уми май Трамп дар Twitter навишт, “Кореяи Шимолӣ чанд силоҳи хурде партоб кард, ки бархе ҳамватанони ман ва дигарҳоро нороҳат кард, вале ман нороҳат нашудам”.

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки Департаменти давлатии Амрико гуфт, Кореяи Шимолӣ рӯзҳои 4 ва 9-уми май озмоишҳои ҳастаии силоҳҳои кӯтоҳпарвозро анҷом додааст, ки қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ-ро нақз мекунад.

Трамп инчунин хостори баргузории конфронси сеюм бо иштироки Ким шуд, то ки, ба гуфтааш, бар ивази раҳоӣ аз таҳримҳо, фаъолияти барномаи ҳастаиву мушакии Кореяи Шимолӣ қатъ карда шавад.

XS
SM
MD
LG