Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Эрон қадамҳои баъдии ҳамкориро баҳс карданд


Акс аз хабаргузории "Меҳр"
Акс аз хабаргузории "Меҳр"

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки чаҳор моҳ пеш гуфта буд дар равобити сиёсии Теҳрону Душанбе "танҳо як масъалаи ҳалношуда мондааст", бо сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад.

Вай дар ду рӯзи ахир бо раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ, вазири умури хориҷӣ Муҳаммадҷавод Зариф ва мақомҳои дигари эронӣ мулоқот кардааст.

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон баъд аз даҳсолаҳо равобити гарму наздик, чаҳор сол пеш, ба марҳилаи пуртаниш ва сард ворид шуд. Ҳарду кишвар якдигарро дар сардии муносибатҳо айбдор карданд ва далел пеш оварданд.

Маълум нест, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, барои ҳалли чӣ масъала ба Теҳрон рафтааст ё ба он ҷо чӣ паём бурдааст. Ҷониби Тоҷикистон то ба ҳол танҳо хабари кӯтоҳи мулоқоти ӯро бо вазири нерӯи Эрон Ризо Ардакониён нашр кард, ки рӯзи 31-уми май баргузор шудааст.

Вале расонаҳои Эрон рӯзи 1-уми июн навиштанд, Тоҷикистон хостори баҳрабарӣ аз бандари Чобаҳор шудааст. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе дар суҳбат бо Сироҷиддин Муҳриддин бандари Чобаҳорро дар интиқоли молу коло муҳим дониста ва гуфтааст, "Эрон метавонад амнтарин ва беҳтарин масири транзитӣ барои колоҳои Тоҷикистон бошад."

Бандари Чобаҳор дар тақрибан 100-километрии бандари Гваддари Покистон ҷойгир аст ва ба қавли коршиносон метавонад масири арзони интиқоли бор барои Тоҷикистон шавад. Аммо мушкиле, ки дар ин замина мондааст, убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди Туркманистон аст, то худро ба Эрон бирасонанд. Ишқобод чанд моҳ пеш ба мошинҳои Тоҷикистон иҷозаи гузаштан надод ва ҳоло баъзеи онҳо тавассути Қазоқистон ва баҳри Хазар то Озарбойҷон мераванд ва баъзеи дигар тавассути Афғонистон то ба Эрон. Ронандаҳо мегӯянд, роҳ тавассути Қазоқистон дар муқоиса ба Туркманистон хеле тӯлониву серхарҷ аст ва роҳи Афғонистон – пурхатар.

Сомонаи расмии президенти Эрон ба нақл аз Ҳасан Рӯҳонӣ навишт, "Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора хостори субот, амнияти комил, пешрафти Тоҷикистон ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои байни кишварҳост. Омодагӣ дорем то бо ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар иҷрои тарҳҳои Тоҷикистон иштирок дошта бошем.” Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои расмии Тоҷикистон Эронро ба даст доштан дар куштори афроди саршиноси кишвари худ ва ҳамҷунин талоши ангехтани нооромиҳо айбдор кардаанд.

Рӯҳонӣ дар идомаи суҳбат ба масъалаи мубориза бо терроризм ҳам ишора намудааст. Вай гуфтааст, “имрӯз террористҳо аз Ироқу Сурия хориҷ шудаанд ва ҷойи нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бихоҳанд дар минтақаи Осиёи Миёна ва Қафқоз фаъол шаванд. Аз ин рӯ, Эрону Тоҷикистон метавонанд ҳамкориҳои худро дар масири мубориза бо терроризм низ беш аз пеш густариш диҳанд.”

Ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти сафар ва мулоқоти вазири умури хориҷии кишвар бо Ҳасани Рӯҳониро ошкор накардааст. Вале хадамоти матбуоти президенти Эрон мегӯяд, Сироҷиддин Муҳриддин дар навбати худ хостори истифодаи Тоҷикистон аз бандари Чобаҳор ва рушди ҳамкориҳо дар бахши энержӣ шудааст. Манбаъ мегӯяд, “Сироҷиддин Муҳриддин тавсеаи рӯзафзуни равобит бо Эронро иродаи давлати Тоҷикистон хонд ва ибрози умед кард, ки Ҳасани Рӯҳонӣ барои иштирок дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба зудӣ ба Душанбе меравад.”

Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон соли 2015 ба сардӣ гароид. Ҳамон сол иштироки раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ дар як конфронсе дар Эрон боис ба хашму норозигии ҳукумати Тоҷикистон шуд. Тоҷикистон ин ҳизбро мамнӯъ ва террористӣ эълон карда, гуфтааст, аз ҷониби Эрон ҳимоят мешавад.

Вале раҳбарияти ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ҳамеша гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надошт ва ҳадафи манъи фаъолияти онҳо дар соли 2015 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.

Дар соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талоши барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард. Инчунин мақомоти Тоҷикистон ҷониби Эронро дар қатли шуморе аз афроди саршинос дар солҳои навадум айбдор намуданд. Иттиҳоме, ки Эрон онро ҳамвора рад кардааст.

Баръакс, Эрон дар навбати худ иддао дорад, миллионҳо доллар пули нафти он кишвар, ки тавассути соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ чархиш мехӯрд, дар Тоҷикистон "гум шудааст". Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, Занҷонӣ дар Тоҷикистон сармоя надошт.

Танҳо дар оғози соли ҷорӣ баъзе аз мақомҳои Тоҷикистону Эрон дар суҳбатҳои худ паём доданд, ки равобити Теҳрону Душанбе дар ҳоли одӣ шудан аст. Ҳамон вақт дар як нишасти хабарӣ Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфта буд, дар равобити сиёсии ду кишвар фақат як масъалаи ҳалношудаи кӯчак мондааст. Вазир он вақт нагуфта буд, манзураш чист ва рӯшан нест, мушкили хурде, ки ӯ дар назар дошт, ҳоло ҳал шудааст ё ҳанӯз боқист.

XS
SM
MD
LG