Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп сафари амрикоиҳоро ба Куба маҳдуд кард


Ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп қариб ҳамаи имкониятҳои қонунии сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Кубаро, ки ҳукумати президенти пешин Барак Обама ҷорӣ карда буд, бекор кард.

Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида қоидаҳои навро мунташир намуд, ки бар пояи онҳо сафарҳои дастҷамъонаи омӯзишии шаҳрвандони ИМА ба Куба ва саёҳат дар киштиҳои ҷаҳонгардӣ, ҳавопаймо ва заврақҳои хусусӣ манъ мешавад. Қоидаҳои нав фаврӣ ҳукми иҷро мегиранд ва танҳо сафарҳое истисно хоҳанд буд, ки агар одамон аллакай чипта харидаанд, ба роҳ баромадаанд ё дар қаламрави Куба ҳастанд.

Маҳдудиятҳои нав ба фиристодани пул аз ҷониби амрикоиҳои кубаиасл ба хешовандонашон дахл намекунад. Ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Куба бекор намешаванд, вале доираи одамоне, ки метавонанд, ба ин кишвар сафар кунанд бо хешовандон ё ашхосе, ки сафари корӣ анҷом медиҳанд, маҳдуд мегардад. Сухангӯи Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида гуфт, дар моҳҳои наздик маҳдудиятҳои дигаре зидди Куба ҷорӣ хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Куба Бруно Родригес Парриля, ки соли 2015 дар Вашингтон сафорати Кубаро ифтитоҳ карда буд, маҳдудиятҳои навро «ҳамла ба ҳуқуқи байнулмилал ва поймолшавии зишти ҳаққи ҳамаи кубагиҳо» номид.

Қоидаи нави маҳдудкунанда баёнгари сиёсати нави ИМА мебошанд, ки мушовири Трамп дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон моҳи апрел эълом дошт. Ин равиш аз сиёсатҳои президенти пешин Барак Обама, ки робитаҳои дар солҳои 1960 кандашудаи ду кишварро барқарор намуд, фарқ мекунад. Ҳукумати Трамп Кубаро дар пуштибонӣ аз ҳукумати президент Николас Мадуро дар Венесуэла айбдор медонад ва Ҳавана инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG