Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп гуфт, омодаи гуфтугӯ бо Эрон аст, вале...


Доналд Трамп бо малика Елизабет
Доналд Трамп бо малика Елизабет

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки барои музокира бо Эрон омодааст, вале ҳамзамон афзуд, "ҳамеша эҳтимоли иқдоми низомӣ зидди Теҳрон вуҷуд дорад".

Трамп, ки бо сафари давлатӣ дар Бритониё аст, рӯзи 5-уми июн ба телевизиони ITV гуфт, "аз замоне ки ман корро сар кардам, Эрон як кишвари ххасмона буд."

Вай афзуд, "онҳо дар он замон кишвари террористи рақами яки дунё буданд ва, мумкин аст, имрӯз ҳам бошанд."

Президент Трамп гуфт, ҳеч майле ба ҷанг бо Эрон надорад, аммо "ҳамеша эҳтимоли иқдоми низомӣ ҳаст."

Доналд Трамп ба ин суол, ки омодааст бо раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтугӯ кунад, ҷавоб дод: "Бале, албатта. Беҳтар медонам, ки гуфтугӯ кунем."

Шарҳи Трамп дар ҳоле садо дод, ки танишҳо байни Эрону Амрико ва муттаҳидонаш дар Халиҷи Форс афзоиш ёфтааст.

Вашингтон соли гузашта аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шуд. Ин созиш соли 2015 байни қудратҳои бузурги ҷаҳон ва Эрон имзо шуда буд. Бар асоси он Эрон бояд аз таҳримҳои иқтисодӣ озод шуда, дар иваз барномаи ҳастаиашро коҳиш медод.

Доналд Трамп гуфт, шартҳои созишнома ба қадри зарурӣ "сахт набуд", то Эронро аз барномаҳои ҳастаӣ ва мушакиаш боздорад. Вашингтон зидди Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ карда, бо нигаронӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Эрон ҳузури низомиашро дар Ховари Миёна низ тақвият додааст.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи 5-уми июн гуфт, "Эрон фирефтаи пешниҳоди Трамп дар бораи музокира нахоҳад шуд ва ҳамчунин аз барномаи мушакии худ даст нахоҳад кашид".

"Ин ҳиллаи сиёсӣ наметавонад мақомоти Эрон ва миллати Эронро ба дом андозад", -- гуфт Хоманаӣ.

XS
SM
MD
LG