Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пикет ва муроҷиати мухолифони тоҷик дар Аврупо


Аз 3 то 5-уми июн дар чанд шаҳри Аврупо, аз ҷумла Варшава, Бонн ва Вена пикети фаъолони сиёсӣ ва блогерону мухолифони тоҷик баргузор шуд. Онҳо раҳоии маҳбусони, ба гуфтаашон, сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳоро талаб кардаанд.

Вале мақомоти Тоҷикистон пайваста вуҷуди маҳбусони сиёсӣ ва шиканҷа дар зиндонҳоро рад мекунанд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар хориҷа, рӯзи 5-уми июн дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, онҳо нисбат ба ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат низ норозигӣ карданд. Одинаев мегӯяд, дар ин замина ба САҲА ва Кумисюни Аврупо муроҷиатнома супурда шуд.

Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони ошӯбҳои хунин дар зиндонҳо, таҳқиқи мустақилонаи ҳодиса, нашри рӯйхати пурраи қурбониёну захмиён ва ислоҳоти куллӣ дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон талаб шудааст.

Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ба гуфтаи мақомот се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусони узви гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд.

Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфт, нисбат ба 25 маҳбус бо иттиҳоми ташкили ошӯб парванда боз шудааст ва таҳқиқи ҳодиса аз тарафи муфаттишони Додситонии кул идома дорад. Қаблан як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ гуфта буд, нисбат ба нозирони маҳбаси Ваҳдат низ парванда кушодаанд.

Дар ним соли охир ин ошӯби дувум дар зиндонҳои Тоҷикистон буд. Аз он пеш, моҳи ноябри соли 2018 дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ошӯби хунин сар зад. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса 23 маҳбус ва ду зиндонбон кушта шуданд.

Рӯзи 4-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон "аз ошӯб ва бетартибиҳо дар муассисаҳои ислоҳии кишвар" нигаронӣ кард ва хостори "тафтиши беғаразона ва саривақтии сабабҳои рух додани ошӯб" шуд. Масъулони Эътилоф дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки "аз шумораи зиёди қурбониён ва истифодаи қувваю яроқи оташфишон ҳангоми фурӯ нишондани ошӯб нигаронем."

Онҳо аз мақомот хостанд, бояд афроди гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз натиҷаи тафтишот мардум огоҳ карда шаванд.

XS
SM
MD
LG