Аз моҳи апрели соли ҷорӣ бонкҳои Туркманистон хизматрасонии интиқоли маблағро дар дохили кишвар қатъ кардаанд. Дар ин бора хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод.
"Бонки тиҷории Туркманистон "Halkbank" хизматрасонии "Гират"-ро қатъ кард. Ин ягона хизматрасонии интиқоли маблағ дар дохили кишвар буд. Бонкҳои дигар ҳам аз имконияти интиқоли маблағ дар дохили кишвар маҳрум шуданд", - гуфт хабарнигор.
Вай мегӯяд, баъди қатъи хизматрасонии мазкур, сокинон тариқи почта ба ҳамдигар маблағ мефиристанд.
"Почта 10 дарсад музд мегирад. Барои сокинон ин гарон аст, аммо интихоби дигар надоранд", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.
Ба ҷуз ин, тариқи бонк маблағ дар як рӯз мерасид, ҳамакнун тариқи почта давоми чанд ҳафта мерасад.
Радиои Озодӣ натавонист, назари бонки давлатии "Halkbank"-ро дар ин робита пайдо кунад.