Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Махфират Ҳамроқулова дар Душанбе консерт медиҳад


Махфират Ҳамроқулова.
Махфират Ҳамроқулова.

Махфират Ҳамроқулова, овозхони маъруфи тоҷик рӯзи 22-юми июн дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ баргузор мекунад. Дар ин бора Исматуллоҳ Холзода, ҳунарманди собиқадори кишвар дар саҳфаи "Фейсбук"-и худ хабар додааст.

Исматулло Холзода навишт, "аз раҳи дур омадааст, то мухлисонашро бо сурудҳои дилангезаш шод гардонад. Ҳанӯз ҳам садояш побарҷост, равшандил ва завқи баланд дорад. Мухлисонашро пазмон шудааст".

Барномаи ҳунарии Махфират Ҳамроқулова дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мешавад. Ба гуфтаи Исматулло Холзода, дар ин барнома ҳунармандони шинохта Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъматов ва дигарон иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Овозхони маъруф Махфират Ҳамроқулова аз чандин сол ба ин тараф дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ то замони тарк кардани Тоҷикистон, дар ансамбли эстрадии "Гулшан" кору фаъолият мекард.

Ансамбли эстрадии “Гулшан” аз нахустин дастаҳои мусиқии тоҷик аст, ки дар соли 1964 таъсис шуда ва бо номи Муқаддас Набиева, Хурмои Ширин, Тоҷиддини Муҳиддин, Қароматуллоҳи Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Умар Зиёев, Баҳодури Неъмат ва чанде дигарон то ҳол вирди забони мардум аст.

XS
SM
MD
LG