Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди маъюб ҳамсарашро кушт ва дар саҳни ҳавлӣ гӯр кард


Азиз Азизов.
Азиз Азизов.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровии вилояти Суғд як марди маъюби гурӯҳи якум ҳамсари худро бо асо ба қатл расонида, дар чуқурии семетраи назди хонааш гӯр кардааст.

Ба иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Азиз Азизови 54 сола, ки маҷрӯҳи гурӯҳи якум буда, аз як пой маҳрум аст, шаби 11-ум ба 12-уми октбяри соли 2018 бо завҷаш Малоҳат Ҷумаева муноқиша карда, бо асояш ба сару рӯи ӯ якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад.

Ҷумаева 43-сола завҷаи дувуми Азизов буд ва дар хонаи навбунёде дар мавзеи Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебурд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз қатли ҳамсараш, Азизов "ҷасадро бо селофан ва матои синтетикӣ печонида, дар чуқурии семетраи назди ҳавлӣ гӯронида, барои пинҳон намудани ҷинояти худ ду мошин шағал оварда, ба рӯи он мерезад".

Ба гуфтаи тафтишот, Азизов дар ин мудат миёни хешу наздикон овоза паҳн мекунад, ки Малоҳат Ҷумаеваро талоқ додааст ва гӯё ӯ ба муҳоҷирати корӣ рафтааст. Аммо бо гузашти тақрибан ҳашт моҳ, ҳодиса ошкор гашта, муфаттишон аз чуқурии семетрии назди хонаи Азизов ҷасади Ҷумаевро ошкор ва берун оварданд.

Азизов ва Ҷумаев ба ҷуз аз фарзандон аз оилаҳои якуми хеш, се фарзанди муштарак доштаанд. Айни замон дар нисбати Азизов бо моддаи 104-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Вокуниши худи Азизов ба ин қазия маълум нест, чун ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Азиз Азизов қаблан дар моҳи майи соли 2014 ба Радии Озодӣ арз карда буд, ки якуним сол пеш дар "Тоҷиксодиротбонк" ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, маблағашро бозпас гирифта наметавонад. Пас аз ин шикваи Азиз Азизов маълум шуд, ки корманди "Тоҷиксодиротбонк" маблағи пасандози ӯро аз худ карда, умуман дар суратҳисоби бонк нагузоштааст.

XS
SM
MD
LG