Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар саммити СҲШ ба Бишкек рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон субҳи 14-уми июн бо сафари корӣ барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ба Қирғизистон рафт. Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай 14-уми июн дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазир, вазири умури хориҷӣ, ёвари президент дар умури робитаҳои байналмилалӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, котиби Шӯрои амният, раисони Кумтитаҳои телевизион ва радио ва кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар афроди расмӣ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай соли 2001 дар шаҳри ҳамноми чинии он бо ширкати шаш кишвар -- Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон таъсис ёфта, соли 2017 аз ҳисоби Ҳинду Покистон тавсеа ёфт. Чанд кишвари дигар, аз ҷумла Эрон, Афғонистон Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

XS
SM
MD
LG