Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз Қазоқистон хост, уҳдадориҳояшро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунад


Раёсати СММ дар умури ҳуқуқи инсон аз боздоштҳо ва муҷозоти сокинони Қазоқистон ҳангоми эътирозҳои рӯзҳои 9-10-уми июн изҳори нигаронӣ кард. Ин созмон аз мақомоти Қазоқистон хост, ки уҳдадориҳояшонро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунанд.

"Амалҳои Қазоқистон нисбати эътирозгарони осоишта, фаъолон ва хабарнигорон таассуфангез аст. Озодии баён ва гирдиҳамоиҳои сулҳомез нишонаҳои ҷомеаи муваффақ ва рушдкунанда ҳастанд. Ҳама гуна талоши маҳдуд кардани онҳо, бидуни зарурату асос, ба устувориву ҳамоҳангии ҷомеа хатар эҷод мекунад",-омадааст дар изҳороти СММ, ки рӯзи 12-уми июн нашр шуд.

Боздошту ҳабс ва ҷаримаи эътирозгарони сулҳомез "хилофи уҳдадориҳои Қазоқистон дар назди қонунгузории байналхалқӣ аст. Аз Қазоқистон даъват мешавад, ки уҳдадориҳояшро дар бахши ҳуқуқ иҷро намояд ва ба ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта, озодии баён эҳтиром гузорад ва ҳуқуқи сокинонро барои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ таъмин намояд", омадааст дар изҳорот.

Додгоҳи Қазоқистон 957 нафарро барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозии бидуни иҷозати шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. 670 кас аз 6 то 15 шабонарӯз ҳабс ва 115 тани дигар ҷарима шудаанд.

Дар ин бора Сапарбек Нурпеисов, як масъули Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 13-уми июн дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷазои 311 кас бо назардошти вазъи оилавиашон кам ва озод карда шуданд. "63 нафари дигар имрӯз озод мешаванд. Дар боздоштгоҳ 180 кас боқӣ хоҳанд монд. Онҳо ба муҳлати аз 6 то 15 рӯз ҳабс гаштаанд",-изҳор дошт Нурпеисов.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9-уми июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10-уми июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пас аз эъломи натиҷаи интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

XS
SM
MD
LG