Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Эронро масъули ҳамла ба киштиҳо дар Халиҷи Амон номид. ВИДЕО


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп Эронро ба анҷоми ҳамлаи 13-уми июн болои ду киштии нафткаш дар Халиҷи Амон гунаҳкор кард.

Трамп рӯзи 14-уми июн дар мусоҳиба бо Fox News гуфт, Амрико иҷоза намедиҳад, ки фаъолиятҳои Эрон наздик ба киштиҳои байналмилалӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз сурат гирад.

Изҳороти Трамп як рӯз баъди он садо дод, ки котиби давлатии Амрико Майк Помео гуфт, арзёбиҳои ИМА нишон дод, дар ҳамла ба нафткашҳои Ҷопону Норвегия “Эрон масъул аст”.

Низомиёни амрикоӣ рӯзи 13-уми июн видеоеро нашр карданд, ки дар он дида мешавад, дидбонҳое аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз як киштӣ он чиро, ки монанд ба минаи нотаркида мебошад, берун меоранд.

Капитани нирӯҳои дарёӣ ва сухангӯи фармондеҳии марказии Амрико Билл Урбан бо пахши гузорише гуфт: “Соати 4:10 шом ба вақти маҳаллӣ, як киштии дидбонии бо номи “Гаштӣ”, ки марбут ба сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, ба нафткаши “Кокука” наздик шуда, онро аз назар гузаронид ва аз дохили он як минаи нотаркидаро берун овард”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

ИМА Эронро масъули ҳамла ба киштиҳо номид. Эрон айбномаро рад мекунад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Президенти Амрико Доналд Трамп Эронро ба анҷоми ҳамлаи 13-уми июн болои ду киштии нафткаш дар Халиҷи Амон гунаҳкор кард.

Трамп рӯзи 14-уми июн дар мусоҳиба бо Fox News гуфт, Амрико иҷоза намедиҳад, ки фаъолиятҳои Эрон наздик ба киштиҳои байналмилалӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз сурат гирад.

Изҳороти Трамп як рӯз баъди он садо дод, ки котиби давлатии Амрико Майк Помео гуфт, арзёбиҳои ИМА нишон дод, дар ҳамла ба нафткашҳои Ҷопону Норвегия “Эрон масъул аст”.

Низомиёни амрикоӣ рӯзи 13-уми июн видеоеро нашр карданд, ки дар он дида мешавад, дидбонҳое аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз як киштӣ он чиро, ки монанд ба минаи нотаркида мебошад, берун меоранд.

Капитани нирӯҳои дарёӣ ва сухангӯи фармондеҳии марказии Амрико Билл Урбан бо пахши гузорише гуфт: “Соати 4:10 шом ба вақти маҳаллӣ, як киштии дидбонии бо номи “Гаштӣ”, ки марбут ба сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст, ба нафткаши “Кокука” наздик шуда, онро аз назар гузаронид ва аз дохили он як минаи нотаркидаро берун овард”.

Мақомот ба телевизиони CNN гуфтанд, ки Пентагон бовар дорад, нирӯҳои эронӣ мехостанд шаҳодати даст доштанашон дар ин ҳамларо пинҳон кунанд. Трамп гуфт: “Эрон ин корро кард ва шумо ҳам медонед, чунки киштиро дидед”.

Трамп гуфт, “ба эҳтимоли зиёд, яке аз минаҳо нотаркида монд ва ба эҳтимоли зиёд ба он хотир ки дар рӯи он “Эрон” навишта шудааст. Шумо дидед, ки шабонгоҳ киштие минаро бомуваффақият аз нафткаш гирифту ин ҳодиса маълум шуд”.

Эрон даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Аббоси Мусавӣ рӯзи 14-уми июн иттиҳомоти Вашингтонро “ҳушдордиҳанда” хонд ва гуфт, “дар чунин як ҳодисаи машкук ва таассуфовар муттаҳам кардани Эрон хеле осон ва барои Помпео ва мақомоти дигари амрикоӣ хеле муносиб аст”.

Иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико Ҷонатан Коҳен рӯзи 13-уми июн ҷаласаи Шӯрои амниятро ба хотири “таҳдиди возеҳ”-и Теҳрон ба минтақа даъват кард.

Ӯ баъди ҷаласаи Шӯрои амният, ки дар пушти дарҳои баста баргузор шуд, ба хабарнигорон гуфт, “ҳамлаҳо баёнгари таҳдиди рӯшани Эрон ба сулҳу амнияти байналмилалӣ аст”. Коҳен гуфт, ҳеҷ як гурӯҳи дигаре бо чунин маҳорат наметавонист ин ҳамлаҳоро анҷом диҳад.

Ӯ гуфт, “Эрон аст, ки силоҳ, дониш ва иттилои зарурии иктишофӣ дар ихтиёр дорад, то ин ҳамаро анҷом диҳад”.

Чин рӯзи 14-уми июн аз ҳама ҷонибҳо даъват кард, ки аз хештандорӣ кор гиранд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин Ген Шуан гуфт, ИМА ва Эрон бояд аз “тавсеаи танишҳо дар оянда худдорӣ кунанд”. Ӯ гуфт, ҳеҷ кас намехоҳад, ки дар Ховари Миёна ҷанг шавад.

Чин як харидори калони нафти Эрон буда аз созиши ҳастаии ин кишвар ҳам пуштибонӣ кардааст.

Ҳодисаи ахир як моҳ баъди ҳамлаҳо ба чаҳор нафткаш дар соҳилҳои Имороти Муттаҳидаи Араб рух дод ва дар пайи он ҳодисаи аввал таниши миёни Теҳрону Вашингтон ва муттафиқони дигари Амрико дар Халиҷи Форс афзоиш ёфт.

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, таҳқиқи аввалияи онҳо собит кард, ки дар пушти ин бомбгузориҳо “ҳукумате” истодааст, вале ба таври мушаххас аз Эрон ном набурд.

Эрон эҳтимоли даст доштанашро дар ин ҳодиса рад кард ва аз назари замонӣ дар паи мулоқоти нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе ва раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рух додани ин ҳодисаро “хеле машкук” номид.

XS
SM
MD
LG