Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Чин 18 санади ҳамкорӣ имзо карданд. ВИДЕО


Сӣ Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон
Сӣ Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон

Дар пайи мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Чин дар Душанбе 18 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, кишоварзӣ, мубориза зидди терроризм ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба имзо расид.

Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, рӯзи 15-уми июн ва дар ҷашни 66-солагиаш бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар панҷ соли гузашта бори дувум аст, ки ӯ бо сафари давлатӣ ба Душанбе меояд.

Чин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст ва соли гузашта мизони додугирифт байни ду кишвар аз марзи якуним миллиард доллар гузаштааст. Бахши асосии қарзи берунии Тоҷикистон ҳам аз Чин аст. Мунтақидон аз он нигаронӣ мекунанд, ки қарзу сармоягузориҳои бебаркаши Чин дар оянда метавонад барои Тоҷикистон дари сар эҷод кунад. Вале мақомот гуфтаанд, тавони баргардондани ин қарзҳоро доранд.

Рӯзи шанбе раҳбарони ду кишвар аз рӯи тарҳи биноҳои нави порлумону ҳукумати Тоҷикистон пардабардорӣ карданд, ки бо якуним миллиард юани чинӣ дар маркази Душанбе сохта хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи шанбе ба хабарнигорон гуфт, дар баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ, "байни мо ҳамкорӣ ба хотири мубориза бо "се бадӣ" -- терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ, ҳамчунин, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо густариш меёбад." Вай ба нишони қадрдонӣ аз раиси ҷумҳури Чин ба ӯ ордени “Зарринтоҷ” (дараҷаи як)-ро ҳадя дод.

Сафари давлатии Сӣ Ҷинпин ба Тоҷикистон баъди анҷоми нишасти сарони кишварҳои Осиё дар Душанбе сурат гирифт. Ҷинпин дар суханронии худ дар ин ҷаласа гуфт, дар қораи Осиё бояд "фазои нави эътимод" эҷод шавад, ки дар он эҳтиром ба манфиат, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти ҳар кишвар муҳим мебошад."

Ҷинпин афзуд, Чин ҷонибдори тақвияти "консепсияи сулҳи давомдор" ва аз роҳи дипломатия ва муколама ҳал шудани низоъҳо мебошад. "Мо бояд тарҳи нави амнияти минтақавиро бо назардошти ҳунари меъмории осиёӣ бунёд кунем", -- гуфт ӯ. Дар суханронии худ Ҷинпин ба фосилагирӣ аз "протексионизм" даъват кард.

Тоҷикистону Чин 18 санади ҳамкорӣ имзо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

Дар остонаи сафари президенти Чин ба Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Душанбе аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар ситоиш кард ва гуфт, “Чину Тоҷикистон дӯстони беҳтарин ҳастанд” ва афзуд, “ду давлат дар масоили марбут ба манфиатҳои калидӣ ҳамдигарро пуштибонӣ мекунанд”.

Чин яке аз шарикони муҳими стратегии сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад ва се сол пеш ду кишвар аҳд бастанд, ки мизони табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чинро то соли 2020 то 3 миллиард доллар афзоиш медиҳанд.

Дар ҳукумати Тоҷикистон ва доираҳои сиёсатшиносони рӯ ба ҳукумат Чинро як "шарики боэътимод" меноманд. Аз ҷумла, дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ соли 2017 Худойбердӣ Холиқназаров, раиси вақти Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфта буд, ки "садоқат аз ҷониби Чин риоя мешавад. Санадҳое, ки миёни ду кишвар ба имзо мерасад, Чин ҳатман ҷузъиёти онҳоро иҷро мекунад.... ва барои рушди кишвар мусоидат мекунад".

Ба ҳисоби расмии чиниҳо, беш аз 300 ширкати ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ин ҳамкориҳо истихроҷи тило ва ангишт, истеҳсоли семент, корхонаҳои кимиёӣ, барқ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, интиқоли бор ва дигар бахшҳоро дар бар мегиранд.

Вале дар ҷомеаи Тоҷикистон дар мавриди ҳамкориҳо бо Чин ду дидгоҳ вуҷуд дорад. Бархе дар симои Пекин ҳамсояи боэътимодеро мебинанд, ки ба суботу оромӣ дар Тоҷикистон манфиатдор аст. Дигарон сиёсатҳои Чинро "ғасби иқтисодӣ" унвон мекунанд, ки метавонад Тоҷикистонро ба як майдони ашёи хом барои Чин табдил диҳад.

XS
SM
MD
LG