Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков дар саммити Душанбе масъалаи партовгоҳҳои уранро ба баҳс кашид


Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар суханрониаш дар ҷаласаи Панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё масъалаи партовгоҳҳои уранро дар минтақа ба баҳс кашид. Вай ба вижа гуфт, масъалаи партовгоҳҳо - яке аз муҳимтарин масоили дорои аҳамияти минтақавӣ аст.

"Бо ташаббуси Қирғизистон қатъномаи СММ дар умури пешгирӣ аз хатарҳои радиатсионӣ дар Осиёи Марказӣ қабул шудааст. Дар ин масъала мо ба ҳамкориҳои минбаъда дар бахши ҳифзи муҳити зист умедвор ҳастем. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам аз Русия, Қазоқистон ва шарикони дигари хориҷии мо изҳори сипосгузорӣ кунам, ки дар ҳалли масъалаи партовгоҳҳои уран ба мо кумак мерасонанд",-гуфт Ҷеенбеков.

Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар саросари он кишвар 92 партовгоҳи уран мавҷуд аст. Ҳаҷми умумии моддаҳои заҳрдори ин партовгоҳҳо 2,9 миллион метри кубиро ташкил медиҳад

XS
SM
MD
LG