Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Мурсӣ дар толори додгоҳи Миср даргузашт


Муҳаммад Мурсӣ дар додгоҳ дар соли 2015
Муҳаммад Мурсӣ дар додгоҳ дар соли 2015

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср, дар толори додгоҳ аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Ба хабари телевизиони давлатии Миср, ӯ рӯзи 17-уми июн ҳангоми муҳокима дар додгоҳе дар Қоҳира ҷон дод. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии "Ихвон-ул-муслимин", яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ "фоҷиаангез", вале "пешгӯишаванда" буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад.

Яке аз аъзои баландпояи созмони "Бародарони Мусалмон" дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба "куштори аз қабл тарҳрезишуда" баробар донист.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки бо Мурсӣ робитаи зич дошт, ӯро "шаҳид" ном бурд.

XS
SM
MD
LG