Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Қазоқистон ҳафт тан захмӣ шуданд


Дар шаҳри Костанаи Қазоқистон дар натиҷаи таркиши як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳафт тан захмӣ шуданд. Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, таркиш дар биное рух дод, ки нуқтаи ғизои умумӣ онҷо ҷойгир буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дод, лаҳзаи таркиш як мошини дорои дастгоҳҳои газ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор дошт.

Дар натиҷаи таркиш бино тахриб ва оташ сар задааст. Чаҳор тан аз маҷмуи зарардидагон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG