Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз эҳтимоли таҳримҳои зидди Туркия барои С-400 ҳушдор дод


Системаҳои С-400
Системаҳои С-400

Рӯзи душанбе ИМА Туркияро ҳушдор дод, ки метавонад барои дар қаламрави худ ҷобаҷо кардани маҷмуаҳои мушакии русии С-400 зидди Анкара таҳрим ҷорӣ кунад. Дар ин бора шабакаи телевизионии Foxnews хабар додааст.

Дар номае ба вазири дифои Туркия Хулуси Акар иҷрокунандаи вазифиаи вазири дифои ИМА Патрик Шэнахэн ҳушдор дод, ки дар сурати дарёфти муҷтамаъҳои С-400, Туркия аз ҳавопаймоҳои амрикоии F-35, ки фармоиш додааст, маҳрум хоҳад гашт. Раҳбари Пентагон нахустин мансабдори амрикоист, ки аз эҳтимоли ҷорӣ шудани таҳрим нисбати Туркия ҳарф зад, ки ҳампаймони ИМА дар НАТО мебошад.

Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу ба ин нома вокуниши сахт нишон дода, дар нишасти хабарӣ дар Анкара таъкид намуд, ки кишвараш бо Маскав дар бораи хариди С-400 қарордод имзо кардааст ва он иҷро хоҳад шуд.

Ҳамзамон Туркия дар барномаи амрикоии такмили ҳавопаймоҳои ҷангии F-35 саҳм гирифта, соли 2016 бо Амрико шартнома бастааст, ки дар се соли оянда 24 ҳавопаймои F-35 гирад. Туркия аллакай 4 ҳавопаймо харидааст, вале онҳо дар пойгоҳи ҳарбии Амрико буда, бояд он ҷо ҳарбиёни турк истифодаи ҳавопаймоҳои навро омӯзанд.

Намояндаҳои ИМА мегӯянд, дарёфти низомҳои С-400 аз тарафи Туркия, ба ҳавопаймоҳои F-35 таҳдид хоҳад кард, зеро ин ду низом ҳамроҳ буда наметавонанд.

Патрик Шэнахэн дар номааш гуфтааст, ки Туркия бояд то охири июл интихоби худро худро кунад ва агар он шабакаҳои С-400-ро дар қаламрави хеш ҷойгир намояд, мумкин аст, ки конгресси ИМА зидди воридоти моли туркӣ, ширкатҳои Туркия ва низоми молиявии он таҳримҳо ҷорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG