Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори пешини Бишкек гуфт, ба Отамбоев $500 ҳазор қарз додааст


Наримон Тюлеев, шаҳрдори пешини Бишкеки Қирғизистон гуфт, ки ба Алмосбек Отамбоев, президенти пешини он кишвар барои маъракаи интихоботиаш 500 ҳазор доллар қарз додааст.

Ба гуфтаи Тюлеев, вақте вай қарзҳояшро талаб кард, муносибати Отамбоев нисбати вай тағйир ёфт ва ӯро баъдтар ҳабс карданд. Тюлеев дар ин бора ба комисияи вакилони салоҳиятдоре хабар дод, ки талоши бекорсозии дахлнопазирии Отамбоевро доранд.

Тюлеев гуфт, Отамбоев аз вай ҳанӯз солҳои 2007-2008 қарз хоста буд.

Тарафдорони Отамбоев аз Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон тасмим доранд, дар як нишасти хабарӣ ба ин мавзӯъ рушанӣ андозанд.

Наримон Тюлеев солҳои 2008-2010 раиси шаҳри Бишкек буд. Замони президентии Алмосбек Отамбоев қариб 4 сол зиндонӣ буд ва қисме аз тиҷораташро аз даст дод.

Наримон Тюлеев моҳи октябри соли 2018 акси якҷояашро бо Отамбоев нашр кард. Бисёриҳо тахмин заданд, ки ду сиёсатмадор ба созиш расидаанд. Вале Тюлеев баъдтар ин тахминҳоро рад кард.

XS
SM
MD
LG