Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти наҷот пас аз заминларзаи маргбор дар Чин. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Телевизиони Чин хабар дод, ки шаби гузашта дар канораҳои шаҳри Ибини вилояти Сичуани Чин чанд такони замин сабт шуд. Аз ин пеш, рӯзи 17-уми июн, дар ин кишвар заминларзаи баробар бо шаш дараҷаи Рихтер рух дода буд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин гурӯҳҳои наҷотро ба минтақаи офатзада фиристодааст.

Субҳи сешанбе телевизиони Чин тасдиқ кард, ки бар асари заминларза камаш 12 нафар фавтида, 125 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Лағжидани кӯҳпора равуо ба ин минтақаи дурдастро душвор кардааст.

Амалиёти наҷот дар манотиқи офатзадаи Чин ҷараён дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Мансабдорони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Чин тахминан 700 нафарро ба амалиёти наҷот сафарбар кардаанд ва саъй доранд, ки мардуми минтақаи офатзадаро ба ҷойи амн кӯчонда, бо маводи ниёзи аввал таъмин кунанд.

Моҳи майи соли 2008-ум дар вилояти Сичуан заминларза ҳаёти наздик ба 70 ҳазор нафарро аз байн бурд.

XS
SM
MD
LG