Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мудофеъ: "Гулнора Каримова ҳолати баде дорад"


Грегуар Манжа, вакили мудофеи швейтсарии Гулнора Каримова баъди боздид бо нафари таҳти ҳимояташ дар зиндони Зангиота дар саҳифаи "Твиттер" навишт, Гулнора дар ҳолати баде қарор дорад.

"Ҳамин лаҳза аз Зангиота баргаштам. Муштарии ман ҳолати баде дорад. Фишори баланд. Як пояш комилан печонида шудааст. Ҳеч табобате намегирад. Ман аз давлат суоли содае дорам: чаро ва то кай? Ин худсариро қатъ кунед!" ӯ-навишт Грегуар Манжа.

Ба гуфтаи вакил, ба Гулнора Каримова кумаки лозимии тиббӣ расонида намешавад.

Ахиран духтари Гулнора Каримова -- Имон Каримоваи 21-сола бо нашри як муроҷиатнома ба раҳбарони Хадамоти амнияти давлатӣ ва додситонии кулли ин кишвар дар шабакаи иҷтимоии "Instagram" гуфт, сардори зиндон ба модараш Гулнора Каримова фишор меорад. "Сардори зиндон ба раҳбарии кормандони Додситонии кулли Узбекистон бо номи Илёс Султонович ва Анваров У. дастур медиҳад, ки ба модарам фишори ҷисмонӣ ва равонӣ диҳанд", ӯ-афзудааст ӯ.

Вале ҳафтаи гузашта Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад",-гуфт додситонӣ

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18-уми декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1-уми июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG