Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп фармони ҳамла ба Эронро дод, вале сипас онро бекор кард


Бино бар хабари The New York Times, президенти ИМА Доналд Трамп дастури зарба ба Эронро дод, аммо шаби 20 июн ин фармони худро бекор кард. Рӯзнома менависад, Трамп даструи зарба ба Эронро дар ҳоле дод, ки хабари суқути як ҳавопаймом бесарнишини амрикоиро дар Халиҷи Форс баррасӣ менамуд.

Вай он гоҳ дар сафҳааш дар Твиттер наившт, Эрон "иштибоҳи хеле бузурге" кард, ки дрони ҳарбии Амрикоро суқут дод. Ва дар посух ба пурсиши он ки оё ИМА ба ин амал посух хоҳад дод, гуфт: "Ба зудӣ хоҳед дид".

Хабаргузориҳои Reuters, Fox News ва AP ба нақл аз мақомоти беноми амрикоӣ навиштанд, ки рӯзи 20 июн дрони амрикоии навъи MQ-4C Triton бо зарба аз замин суқут дода шуд.

Ин гузоришҳо дар ҳоле нашр шуд, ки субҳи панҷшанбе Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо пахши изҳороте иддао кард, ки як дрони амрикоиро нобуд кардааст. Вале дар изҳорот гуфта шуд, ки ин мушак дар ҳарими ҳавоии устони ҷанубии Ҳурмузгон дида шуд. Манобеи амрикоӣ мегӯянд, ки дрон замони нобуд шуданаш дар ҳаво буду ин қаламрав бахше аз фазои байналмилалӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG