Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев гуфт, Ҷеенбеков мехоҳад, ӯро аз саҳна дур кунад


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев айбномаи порлумони ин кишварро зидди худ "сафсата"-е номид, ки ба гуфтаи ӯ, асоси ҳуқуқӣ надорад. Дар ин бора Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) изҳорот нашр кард.

Отамбоев дар изҳорот айбномаи порлумонро талоши президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков барои "аз байн бурдани мухолифони сиёсӣ" номидааст. "Ҷеенбеков барои маро хомӯш намудан ба ҷуз аз айбномаи бофтаву ғайриқонунӣ дигар роҳеро пайдо накард. Вале аз дасти ӯ коре нахоҳад омад",-афзудааст президенти пешини Қирғизистон.

Отамбоев пешниҳод дорад, ба ному насаби вакилоне дар порлумон диққат дода шавад, ки мақомоти Қирғизистон онҳоро зидди ӯ истифода мебаранд. "Далели возеҳтари ҳақ будани ман дар он аст, ки чи гуна онҳо ба таври фаврӣ ва тарсуёна Конститутсияро нақз карданд ва қонунҳои дигарро нодида гирифтанд",-изҳор дошт вай.

Президенти пешини Қирғизистон эътироф кард, ки "дар шинохти одамон иштибоҳ кардааст". Вале ба гуфтаи Отамбоев, ӯ дар назди Худо ва мардуми кишвараш пок аст. "Ҳеч гоҳ аз ҷавобгарӣ наметарсам ва омодаам, ба ҳар як қарори худ дар даврони президентиям ҷавоб гӯям", - илова кардааст Отамбоев.

Рӯзи 18 июн ду кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури тартибот, мубориза бо ҷинояткориву коррупсия, қонунгузории конститутсионӣ ва масоили судӣ-ҳуқуқӣ хулосаи комиссияи вакилонро барои бекор кардани дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ҷонибдорӣ карданд.

Ҳоло қарор аст, хулосаи комиссияи мазкур дар ҷаласаи умумии порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад. Комиссияи порлумонии Қирғизистон дар аввал зидди Отамбоев бар асоси 9 банд айб эълом кард, вале сипас се тои онҳоро барои рабт надоштанашон ба давраи президентии ӯ бекор карданд.

Президенти пешини Қирғизистон дар фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев, ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек айбдор карда мешавад.

XS
SM
MD
LG