Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп номзадии Эсперро ба мақоми вазири дифоъ пешниҳод мекунад


Марк Эспер
Марк Эспер

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки номзадии Марк Эсперро ба мақоми вазири дифои ин кишвар пешниҳод мекунад. Эспер барои нишастан дар ин курсӣ бояд тасдиқи Сенати Амрикоро гирад.

Вай рӯзи 24-уми июн корашро ба ҳайси сарпарасти Вазорати дифоъ оғоз мекунад. Сарпарасти пешини Пентагон Патрик Шанаҳан ҳафтаи гузашта аз вазифааш истеъфо дод.

Тақрибан ним сол боз Вазорати дифои Амрико аз тарафи сарпарастҳо идора мешавад.

Вазири пешин Ҷеймс Маттис дар оғози соли ҷорӣ бино ба ихтилоф бо Трамп бар сари сиёсатҳои хориҷиаш аз вазифа канор рафт.

Марк Эспер афсари собиқадори артиши Амрикост.

XS
SM
MD
LG