Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон мегӯяд, бо таҳдидҳои Амрико "муқобила" хоҳад кард


Аббос Мӯсавӣ
Аббос Мӯсавӣ

Теҳрон мегӯяд, бо таҳдидҳои Амрико зидди ин кишвар "муқобила" хоҳад кард. Ин изҳорот баъди он садо дод, ки президент Доналд Трамп гуфт, "даҳ дақиқа қабл аз оғози ҳамла ба Эрон" аз ин иқдом пешгирӣ намуд.

Баъдан Трамп дар мусоҳибае бо телевизиони NBC гуфт, далели ин кораш ҷон бохтани шумори зиёди одамон дар чунин ҳамлаҳо будааст. Ба асоси гузоришҳо, қарор буд, ин ҳамла дар ҷавоб ба як иқдоми Эрон барои суқут додани як дрони Амрико анҷом шавад.

Аббос Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 22-юми июн ба хабаргузории "Тасним", марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, аз суқут дода шудани як дрони Амрико бар фарози Тангии Ҳурмуз ситоиш кард. Вай гуфт, Ҷумҳурии Исломӣ ҳаргиз иҷоза нахоҳад дод, ки тамомияти арзиаш нақз шавад.

Мӯсафӣ афзуд: "Мо омода ҳастем, ки ба ҳар гуна таҳдид алайҳи якпорчагии Эрон муқобила кунем... Тасмимҳои мо аз тасмимҳои онҳо вобаста нест. Бо таҷовуз чӣ бо таҳдид бошад ва ё набошад, муқобила хоҳем кард."

Таниш миёни Теҳрону Вашингтон баъд аз он ки рӯзи 20-уми июн Эрон як ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро бар фарози Тангии Ҳурмуз зад, якбора шиддат гирифт.

Эрон мегӯяд, дрон дар қаламраваш буд, вале Вашингтон бовар дорад, дрон замони нобуд шудан дар ҳаво буд ва ин қаламрав бахше аз фазои байналмилалӣ аст.

Равобити миёни Вашингтону Теҳрон пас аз ҳамлаҳои Эрон ба ду нафткаш дар Халиҷи Амон нисбат ба ҳар вақти дигар тиратар шудааст. Брайан Ҳук, намояндаи махсуси Амрико барои Эрон гуфт, муҳим ин аст, ки бояд ҷилави таниш гирифта шавад.

Ҳук рӯзи ҷумъа дар Арабистони Саудӣ буд ва аз он ҷо ба Эрон ҳушдор дод, ки ба дипломатия бо зӯр посух надиҳад.

"Дипломатияи мо ба Эрон ин ҳақро намедиҳад, ки бо нерӯи низомӣ ҷавоб гӯяд. Эрон бояд дипломатияи моро ба дипломатия ҷавоб бигӯяд, на ба зӯри низомӣ", -- гуфт Ҳук.

XS
SM
MD
LG