Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медалҳои тилоии варзишкорони қазоқистониро ба узбекистониҳо доданд


Медалҳои тилоии варзишкорони қазоқистониро, ки дар Қаҳрамони Осиё дар соли 2017 ба даст оварда буданд, ба варзишкорони узбекистонӣ доданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии Олимпии Узбекистон, дар шаҳри Паттайи Тайланд бозиҳои қаҳрамонии Осиё шуруъ шуд. Пеш аз шуруи бозӣ, медалҳо ба варзишкорони узбекистонӣ тақдим шуд.

Эътилофи варзишкорони Осиё баъди ошкор шудани истифодаи допинг аз сӯи варзишкорони қазоқистонӣ, нишондодҳои онҳоро дар бозии пешин бекор кард.

Варзишкорони Узбекистон дар мусобиқаи Осиё 2017 медали нуқра гирифта буданд. Ба ин далел, қарор шуд, ки медалҳои тило ба Узбекистон тақдим шавад.

Кумитаи миллии олимпӣ хабар дод, варзишкорони узбекистонӣ дар мусобиқаи ахир 3 медали тило, 1 нуқра ва як биринҷӣ ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG