Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мянмар дастрасии мусалмононро ба интернет маҳдуд кардаанд


Мақомоти Мянмар дастрасии бештар аз як миллион сокини аёлати Ракхайнро ба интернет маҳдуд карданд. Дар ин аёлат мусалмонони роҳинҷа зиндагӣ мекунанд. Ин сокинон чандест бо артиши ҳукуматӣ дар низоъ ҳастанд.

Дар пайи таъқибҳои ду соли охир аз аёлати Ракхайн бештар аз 750 ҳазор роҳинҷа ба Бангладеш фирор карданд. СММ ин таъқибро ҳамчун наслкушӣ баҳо дод.

Маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар Ракхайн аз 21 июн ба ин тараф мушоҳида мешавад. Сокинони маҳаллӣ аз поймолшавии ҳуқуқи онҳо ба иттилоъ шикоят доранд. Ин дар ҳолест, вазорати алоқаи Минямар хабар намедиҳад, ки дастрасӣ ба интернет кай барқарор мешавад. Вазорати мазкур гуфт, "замоне, ки дар минтақа амният ва тартибот барқарор шуд", интернет ҳам дастарс мешавад.

Расонаҳо навиштанд, ки дастури қатъи интернетро барои аёлати Ракхана роҳбари ҳукумати Мянмар Аун Сан Су Чжи, барандаи чоизаи сулҳи Нобел дар соли 1991, содир кардааст. СММ гуфт, эҳтимол дорад, мақомоти Мянмар бо қатъи дастрасии интернет мехоҳанд, "ҷиноятҳои вазнини зиддибашариашон"-ро пӯшида нигаҳ доранд.

XS
SM
MD
LG