Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди пардохти нафақа ба зиндониҳо дар Узбекистон


Вакилони порлумони Узбекистон пешниҳод карданд, ки ба зиндониҳо нафақа пардохта шавад. Ин пешниҳод дар лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Узбекистон дар робита ба такмилсозии қонунгузории ҷиноӣ" ворид шудааст.

"Дар ҳоли ҳозир шумори афроди ба синни нафақа расида дар маҳбасҳо ба наздики 1000 кас мерасад. Қатъи пардохти нафақа ҳангоми адои ҷазо натанҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳои зиндониҳо, балки маҳдудсозии ҳуқуқи пайвандони онҳо низ ҳаст",-хабар дод маркази матбуотии порлумон.

Дар кишварҳое чун Испания, Ҷумҳурии Чех, Норвегия, Фаронса, Португалия, Олмон, Юнон, Русия, Украина ва бархе дигар кишварҳо зиндониҳо ҳақ доранд, ки нафақаи бознишастагиву маъюбӣ ва дигар навъи нафақаро дарёфт кунанд.

XS
SM
MD
LG