Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду нафар дар садамаи ҳавопаймо дар Русия. ВИДЕО


Рӯзи 27-уми июн дар натиҷаи нишасти изтирории ҳавопаймои мусофирбари АН-24 дар фурудгоҳи шаҳри Нижневартовски ҷумҳурии Бурятияи Русия ду нафар ҷон бохта, беш аз 20 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ҳавопаймои мазкур соли 1977 истеҳсол шуда, аз соли 2013 ба ин тараф аз сӯи ширкати "Ангар" истифода мешуд.

Масъулони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд, ки ҳавопаймо бо 47 сарнишин, аз ҷумла 4 узви экипаж дар хатсайри Улан-Удэ-Нижневартовск ҳаракат дошт.

Мақомот гуфтаанд, ҳавопаймои ширкати “Ангар” аз хатти нишаст берун шуда, ба як бинои канори фурудгоҳ бархӯрд. Ҳангоми садама ҳавопаймо оташ гирифтааст,

Ба навиштаи хабаргузории “Рейтерс” экипаж пешакӣ хабар дода буд, ки бо мушкил рӯбарӯ аст ва дар фурудгоҳ гурӯҳҳои наҷот мунтазири он буданд.

То ҳол сабаби расмии садама эълон нашудааст, вале хабаргузории русии “Интерфакс” бо такя ба гуфтаҳои яке аз мусофирон овардааст, аснои фуруд яке аз муҳаррикҳои ҳавопаймо хомӯш буд.

Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Ҳалокати 2 нафар дар фурудгоҳи Нижневартовски Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:57 0:00

XS
SM
MD
LG