Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билетҳои "Аэрофлот" боло меравад


Ширкати русии "Аэрофлот" сар аз оғози моҳи июл боҷ ё андози маводи сӯхт барои парвозҳои дохилӣ ва ҳамчунин аз Маскаву Санкт-Петербург ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистонро боло мебарад. Ба ин тартиб, қимати билетҳо дар ин масирҳо низ боло хоҳад рафт. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" хабар додааст.

Бар пояи ин тағйирот, қимати билети парвозҳои дохилӣ аз 235 то 2700 рубл боло меравад. Дар парвозҳои масири Маскав-Якутия, ки ҷудогона дараҷабандӣ шудааст, қимати билетҳо то 4200 рубл афзоиш хоҳад ёфт. Нархи парвозҳои ин ширкат миёни Маскав ва Шарқи Дур тағйир намеёбад.

Қимати билетҳо аз Маскав ва Санкт-Петербург ба Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Гурҷистон мутаносибан аз 360 рубл то 1 ҳазору 44 рубл боло хоҳанд рафт. Дар аксарияти парвозҳои дохилӣ барои мусофирони VIP қимати билетҳо то 5,4 ҳазор рубл ва дар парвозҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон то 2,88 ҳазор рубл боло меравад.

Ин барои бори дувум аст, ки ширкати "Аэрофлот" давоми соли ҷорӣ боҷи маводи сӯхт барои парвозҳои дохилиашро боло мебарад. Ин ширкат дар моҳи апрел низ даст ба чунин иқдом зада буд.

"Аэрофлот" яке аз ширкатҳои маъруфи ҳавонавардӣ дар Русия аст ва бештар ба Амрикову кишварҳои аврупоӣ парвозҳо анҷом медиҳад. Ин ширкат дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон парвозҳо анҷом намедиҳад, вале ба бархе дигар кишварҳои шӯравии пешин мусофир мекашонад.

Русия мизбони даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик аст ва аз чандин шаҳрҳои ин кишвар ба Душанбеву Хуҷанд ва Кӯлоби Тоҷикистон парвозҳо сурат мегирад. Дар баробари ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ, ширкати "Сомон Эйр"-и Тоҷикистон низ дар ин масир фаъол аст. Ширкати "Тоҷик Эйр" низ, ки то авоили соли ҷорӣ ба Русия парвозҳо анҷом медод, дар пайи дучор шудан ба мушкилоти молӣ, парвозҳои худро қатъ кард.

XS
SM
MD
LG