Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: Агар раҳбарони Эрон тавофуқ намехоҳанд, "худхоҳ" ва "аҳмақ" ҳастанд


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 26-уми июн ба камияш се дафъа дар бораи таниши байни Эрону Амрико изҳори назар кард. Вай дар охирин мавзеъгирии худ гуфт, агар раҳбарони Эрон тавофуқ намехоҳанд, пас, “худхоҳ” ва “аҳмақ” ҳастанд.

Амрико соли гузашта аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон берун шуд ва зидди Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Трамп борҳо хостори музокира бо мақомҳои эронӣ барои дастёбӣ ба як созиши нав шудааст. Вале раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ ин дархостро рад кардаанд.

Президенти Амрико рӯзи чаҳоршанбе пеш аз сафар ба Ҷопон ва бо ишора ба Эрон гуфт: “Вазъияти иқтисодии онҳо парешон аст. Дар ҳоли ҳозир иқтисодашон дар вазъияти ваҳшатнок аст. Ҳоло метавонанд ба суръат ба вазъи иқтисодиашон сарусомон диҳанд ё ин ки ин вазъ 10 сол тӯл хоҳад кашид.”

Доналд Трамп, ки изҳороташ аз шабакаи “Фокс Нюз” пахш мешуд, афзуд, “Эрон бояд кори дурусте барои мардумаш анҷом диҳад. Вале мутмаин нестам, ки раҳбарони Эрон ба мардуми худашон аҳамият медиҳанд. Агар аҳамият медиҳанд, бояд тавофуқ кунанд. Агар аҳамият намедиҳанд, бояд фикре барои худашон бикунанд.”

Вай пеш аз ин изҳорот, дар ҷое дигар гуфта буд, ки агар тавофуқе бо Эрон ба даст наояд, мушкиле бо он надорад. Трамп афзуд, барои расидан ба тавофуқ бо Теҳрон “вақти зиёд” дорад.

Президенти Амрико ҳамчунин дар суҳбат бо шабакаи хабарии “Фокс” дар бораи эҳтимоли вуқӯи ҷанги байни ду кишвар гуфта буд, “умедворам пеш наояд, аммо агар иттифоқе бихоҳад биафтад, мо дар мавзеи бисёр қавӣ қарор дорем”.

Таниш байни ду кишвар пас аз сарнагунии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба воситаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба авҷи худ расидааст ва ин вазъи бавуҷудомада, мумкин аст, ба низоъ дар Ховари Миёна сабаб шавад.

Амрико дар посух ба сарнагунии ҳавопаймои бесарнишинаш Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ ва афроди назик ба ӯро таҳрим кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар як суханронӣ аз таҳрими Хоманаӣ интиқод кард ва гуфт, “Кохи Сафед дучори маълулият ё маъюбии зеҳнӣ шудааст”.

Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Амрико дар “Твиттер” ҳушдор додааст, ки ҳамлаи нави Эрон ба ҳар ҳадафи амрикоӣ бо ҷавоби сахти Вашингтон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG