Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус ба Тоҷикистон мусофирбари барқӣ ва трактор мефиристад


Қарор аст, Беларус ба Тоҷикистон 150 мусофирбари барқӣ ва ҳазор трактор фиристад. Дар ин бора телевизиони давлатии Беларус рӯзи 29-уми июн бо такя ба мақомоти он кишвар хабар дод. Онҳо гуфтаанд, дар ин замина тавофуқ ҳосил шудааст. Хадамоти матбуоти Тоҷикистон дар бораи овардани мусофирбари барқӣ ва тракторҳо чизе нагуфтааст, вале хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми июн аз корхонаи истеҳсоли трактор дидан кард. Мақомоти Беларус гуфтаанд, ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони роҳҳову лӯлаи газ ҷараён дорад ва хоҷагии қишлоқ рушд мекунад ва талабот дар ин кишвар ба техникаи Беларус хеле зиёд аст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн бо сафари давлатӣ ба Беларус рафт. Интизор меравад, ӯ рӯзи 30-юми июн дар маросими ҷамъбасти Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар варзишгоҳи “Динамо”-и Минск иштирок кунад. Тоҷикистону Беларус кишварҳои ҳамкор дар бахши сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Рӯзи 28-уми июн ду кишвар созишномаи шарикии стратегиро низ имзо карданд. Лукашенко онро “шартномаи таърихие монанди парвоз ба кайҳон” номидааст. Бо ин ки Минск ва Душанбе шарикони сиёсӣ ҳастанд, на дар ҳама бахшҳо Беларус дархостҳои Тоҷикистонро иҷро кардааст. Аз ҷумла, дар чаҳор-панҷ соли гузашта чанд дархости Душанбе барои боздошт ва истирдоди дигарандешону мухолифон аз ҷониби Беларус иҷро нашуд. Мунтақидони ҳукумат бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавонистанд, аз боздоштгоҳҳои Беларус озод шуда, ба кишварҳои дигар паноҳ баранд.

XS
SM
MD
LG