Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон интиқоли пул ба хориҷ мушкилтар шуд


Дар бонкҳои вилояти Дашоғузи Туркманистон ҳангоми интиқоли маблағ аз сокинон нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиносномаро талаб мекунанд.

"Аз 25 июл барои волидоне, ки тавассути низоми "Western Union"пул мефиристанд, қоидави нав ҷорӣ шудааст. Ҳангоми интиқоли маблағ нусхаи 48 саҳифаи шиносномаи хориҷиро талаб мекунанд. Дар гузашта танҳо нусхаи саҳифаи аввал ва саҳифаҳоеро талаб мекарданд, ки муҳри гузариш аз марзро доштанд",-гуфт як сокини Дашоғуз.

"Western Union" дар ҳоли ҳозир ягона низомест, ки сокинони Туркманистон метавонанд, фавран ба хориҷ пул фиристанд. Аз ин низом онҳое истифода мебаранд, ки фарзандонашон дар хориҷ таҳсил мекунанд.

Мақомоти Туркманистон интиқоли пулро ба хориҷ маҳдуд карда, дар ҳоли ҳозир сокинон ҳақ доранд, ки дар як моҳ то 300 доллар фиристанд.

XS
SM
MD
LG