Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти котиби давлатии ИМА бо вазири умури хориҷии Қазоқистон


Котиби давлатии ИМА Майк Помпео 2 июл бо вазири умури хориҷии Қазоқистион Бейбут Отамқулов, ки дар доираи як сафар дар Вашингтон қарор дорад, мулоқот кард.

"Котиби давлаӣ ба пешсафии Қазоқистон дар мавриди баргардонидани шаҳрвандони худ аз Сурия баҳои баланд дода, аз Нурсултон даъват кард, ки таҷрибаи худро бо кишварҳои дигар дар миён гузорад",-омадааст дар иттилоияи Департаменти давлатии ИМА.

Намояндаи расмии департамент Морган Ортагус гуфт, Помпео аз дастгириҳои Қазоқистон дар роҳи расидан ба сулҳи устувор дар Афғонистон ёдовар шуда, ба рушди муносибатҳо бо ҳукумати нави ин кишвар даъват кард.

Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи май эълом карданд, ки садҳо шаҳрванди худ, аз ҷумла 357 кӯдакро аз Сурия ба ватан оварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи амнияти Қазоқистон, аз оғози даргириҳои Ховари Миёна ҳудуди 800 кас ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтаанд.

XS
SM
MD
LG