Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Екатеринбург раҳбари ҷамъияти қирғизҳоро паронданд


Дар шаҳри Екатеринбурги Русия раҳбари ҷамъияти маҳаллии қирғизҳо Камчибек Каримовро куштанд. Афроди ношинос 2 июл ӯро дар назди хонааш парондаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳамлагарон ба шикам ва пойи Каримов парондаанд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки раҳбари ҷамъияти қирғизҳо бо кадом навъи силоҳ кушта шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Каримов ҳангоми рух додани ҳодиса бо худ пули калон доштааст.

Узви конгресси умумирусиягии қирғизтаборон Матмирзо Болотбеков дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ба назари ӯ, Каримов мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтааст.

"Ӯ як соҳиб кор буд ва тиҷорат мекард. Ба назари мо, ӯро барои пул парондаанд", - афзуд Болотбеков.

Камчибек Каримов аз соли 2012 ба ин сӯ раҳбари ҷамъияти қирғизҳои Екатеринбург буд.

XS
SM
MD
LG