Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи сӯхтор дар киштии зериобӣ амр дод. ВИДЕО


Президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо вазири дифои ин кишвар Сергей Шойгу рӯзи 2 июл амр дод, ки ҳодисаи бо киштии зериобӣ рухдода таҳқиқ шавад. Вазири дифоъ дар гузоришаш ба президенти Русия гуфт, ки 14 маллоҳ дар ҷараёни анҷоми корҳои таҳқиқотии киштии зериобии пажӯҳишӣ бар асари як сӯхтор ҷон доданд.

Сергей Шойгу дар гузориши худ ба президент гуфт: «Дирӯз дар ҷараёни корҳои нақшавӣ дар заминаи омӯзиши бистари баҳри Барентс дар ҳудудҳои марзии хоки Русия дар дохили як киштии пажӯҳишии зериобӣ оташ сар зад. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз маводи сӯхт 14 маллоҳи зериобӣ кушта шуданд. Оташ бо талошҳои қотеи аъзои тим хомӯш карда буд. Дастгоҳи зериобӣ ҳоло дар пойгоҳи баҳрию низомии Североморск қарор дорад”.

РБК, як расонаи русӣ бо такя ба манбаи беноми низомӣ хабар дод, ки ин киштии зериобии атомӣ буд, вале дар ин замина мақомоти рус чизе нагуфтанд.

Путин ба вазири дифоъ супориш дод, ки шахсан ба Североморск сафар кунад. Дар ин шаҳри воқеъ дар соҳилҳои баҳри Барентс пойгоҳи баҳрие воқеъ аст ва ҳоло киштии зериобии осебдида дар ҳамин ҷой нигаҳдорӣ мешавад. Шойгу бояд сабаби аслии рух додани сӯхторро муайян кунад. Ҳодиса рӯзи душанбе дар бистари баҳрии ҳудудҳои Русия рух дод. Оташ хомӯш карда буд, гуфт Шойгу.

Путин дар ин мулоқот гуфт: "Мову шумо хуб медонем, ки ин як киштии маъмулӣ набуд. Ин як киштии пажӯҳишгар буд. Аъзои тими киштӣ фавқулодда ҳирфаӣ буданд. Бар асоси гузориши муқаддамотии шумо, аз миёни 14 кушташуда - 7 нафараш капитани дараҷаи 1 мебошад. Ду нафарашон қаҳрамони миллии Русия ҳастанд. Ин як талафоти бисёр калон барои нирӯҳои баҳрӣ ва дар маҷмӯъ барои артиш аст. Аз шумо хоҳиш дорам, ки шахсан ба Североморск рафта, гузоришро гӯш кунед ва кори комиссиюни тафтишотиро ба он равона кунед, ки сабабҳои сар задани ҳодиса ҳамаҷониба ва дақиқ омӯхта шавад”.

Путин дар солҳои охир хароҷоти низомиро афзоиш дода, ба нирӯҳои мусаллаҳи кишвараш иҷоза додааст, ки таҷҳизотро нав карда, аз машқҳои замонавии низомӣ гузаранд. Вале бо ин вуҷуд, ҳодисаҳои нохуш дар нирӯҳои мусаллаҳ кам намешавад. Кремлин солҳои охир ба намоиши қудрат ва мушти зӯр гузашта таҳдидҳои нави низомӣ мекунад.

Декабри соли 2016 як ҳавпопаймои низомии Русия бо 92 мусофир, аз ҷумла, даҳҳо ширкатдори хори ба номи Армияи Сурх дар баҳри Сиёҳ суқут кард. Ин ҳавопаймо дар роҳ аз Русия ба Сурия қарор дошт. Ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса зинда намонд.

Низомиёни Русия дар талоши эҷоди киштиҳои зериобии навъи нав мебошанд, то ки дар баробари мушакҳои бесадо ва дронҳои обӣ қудрати дифоии ин кишварро зери раҳбарии Путин ба намоиш гузоранд.

Матбуоти амрикоӣ дар нақли қавл аз мақомоти Пентагон гуфтанд, ки аз афзоиши фаъолиятҳои низмии киштиҳои зериобии Русия ва ҳам киштиҳои ҷосус дар бистари уқёнус дар наздик ба соҳилҳои ИМА нигарон ҳастанд.

Бар асоси гузоришҳои бойгонии нашрияи “Известия”-и русӣ, киштии зериобии навъи AS-12 бори аввал соли 2003 бо лақаби "Лошарик” ба истифода дода шуд. Ин навъи киштиҳо дар муқобили фишори об истодагарии бештар ва тавони ворид шудан ба умқи ҷуқуртаи обҳоро доранд.

Путин ба Шойгу дастур дод, фоҷеа дар киштии зериобиро шахсан таҳқиқ кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

XS
SM
MD
LG