Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо араб пас аз моҷарои Тенгиз Қазоқистонро тарк карданд


Хабаргузории давлатии "National News Agency"-и Лубнон иттилоъ дод, ки пас аз моҷарои кони нафти Тенгиз 126 шаҳрванди ин кишвар аз Қазоқистон ба ватан баргаштанд.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ин афрод кормандони ширкати "Consolidated Contractors" ва пайвандонашон ҳастанд, ки дар кони мазкур кор мекарданд. Онҳо 2 июл ба Лубнон баргаштаанд.

Вазорати умури хориҷии Урдун низ бо нашри як иттилоия дар сомонаи худ гуфтааст, аз 107 шаҳрванди ин кишвар, ки дар кони Тенгиз кор мекарданд, 40 касашон ба ватан баргаштанд.

Рӯзи 29 июн дар вилояти Атирауи Қазоқистон бо ширкати коргарони CСЕР беназмь сар зад. Ин ширкат паймонкори ширкати нафтии "Тенгизшевройл" аст, ки ба истихроҷ ва сохтмони корхонаи коркарди нафт машғул аст.

Сабаби беназмиҳои оммавӣ нашри акси духтари қазоқистоние гардид, ки шаҳрванди Лубнон Элӣ Довуд онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард. Қазоқистониҳо нашри чунин аксро таҳқир қабул карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин навор нашр шуд, ки лаҳзаи латту кӯби сокини осоишта аз сӯи коргарони CCEP-ро сабт карда буданд.

Ба иттилои мақомот, дар пайи бетартибиҳо наздики 40 одам осеб дидааст. Дар маҷмуъ дар ин беназмиҳо қариб 15 ҳазор одам ширкат кардааст. Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки "гумонбари асосӣ" боздошт шуда, зиддаш тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG