Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири қазоқ пас аз "ҳодисаи табиӣ" номидани таркишҳои Арис интиқод шуд


Суханҳои вазири дифои Қазоқистон Нурлан Ермекбоев, ки гуфт, таркиши анбори аслиҳа дар шаҳри Ариси ин кишвар як "ҳодисаи табиӣ" буда, ниёзеро барои узр пурсидан намебинад, баҳсҳои сахтеро ба бор овард. Корбарони қазоқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба изҳороти вазир Ермекбоев вокунишҳои тунде менависанд.

Нурлан Ермекбоев 3 июл дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки оё дар робита ба таркишҳои Арис аз сокинон узр хоҳад пурсид, ё не, гуфт, "дар ин таркиш набояд касеро айбдор кард. Он як ҳодисаи табиӣ буд. Ҳама гуна таслиҳот хатарзост. Ман барои узр пурсидан ниёзеро намебинам".

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали сарвазир ва вазири молияи Қазоқистон Алихон Смаилов 4 июл гуфт, барои барқарорсозии шаҳри Арис 34,5 млрд танга (90,7 миллион доллар) лозим аст.

Ёдрас мешавем, 24 июни соли равон дар Арис як анбори аслиҳа таркид. Дар натиҷаи он ду низомӣ ва як сокини осоишта кушта шуда, мақомот гуфтанд, 85 дарсади манзилҳои зист осеб диданд.

XS
SM
MD
LG