Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: Ҳазорҳо беҷошуда дар дохили Афғонистон ба хонаҳояшон баргаштанд


Аҳмадулло Дилноз моҳи маи соли ҷорӣ дар паи шурӯи низоъҳо миёни ҷангиёни Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" деҳаи Серии вулусволии Чападара дар Нангарҳорро тарк кард буд
Аҳмадулло Дилноз моҳи маи соли ҷорӣ дар паи шурӯи низоъҳо миёни ҷангиёни Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" деҳаи Серии вулусволии Чападара дар Нангарҳорро тарк кард буд

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон гуфтанд, беш аз 2 ҳазор оилае, ки бар асари амалиёти низомӣ ва ҳамлаҳои ҷангиён деҳоти худро дар шарқи Афғонистон тарк карда буданд, ба хонаҳояшон баргаштанд. Ба иттилои сухангӯи волии Нангарҳор Атоулло Хогиёнӣ, бо беҳбудёбии вазъи амниятӣ дар минтақа сокинони деҳоти Бати Кот, Кот, Муманддара ва ноҳияи Шинвор ба хонаҳои тарккардаи худ баргаштанд. Ба гуфтаи Хогиёнӣ, дар маҷмӯъ 14 ҳазор оила омодагии худро барои бозгашт ба хонаҳояшон баён карданд. Ӯ гуфт, ки низоъҳо дар деҳот сокинони мулкиро водор карда буд, ки ба самти маркази вилояти Ҷалолобод ва манотиқи дигар фирор кунанд.

XS
SM
MD
LG