Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани олмонӣ барои узвият дар ДИИШ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд


Як ҳамсари ҷангии ДИИШ
Як ҳамсари ҷангии ДИИШ

Зани 32-солаи олмонӣ барои узвияташ дар созмони террористии “Гурӯҳи исломӣ” бо қарори додгоҳи Штуттгарти Олмон ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Қарори додгоҳ рӯзи 5 июл содир шуд ва додгоҳ гуфт, ки узвияти ин зан дар созмони террористии хориҷӣ тасдиқи худро пайдо кард. Ин зан бар асоси қонунҳои ҳимоят аз шахсияти Олмон танҳо бо исми Сабин Ӯлрик С. муаррифӣ шудааст. Ӯ аз охири соли 2013 то августи соли 2017 дар Сурия зиндагӣ кардааст.

Додситонҳо гуфтанд, ки баъди ба Сурия расиданаш ин зан бо як ҷангии узви гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки барои ӯ қаблан ношинос буд, издивоҷ кард. Ӯ бо ин мард дар хонаҳое зиндагӣ кардааст, ки аз ҷониби ин гурӯҳи ифротӣ ғасб шуданд. Инчунин додгоҳ гуфт, ки эҳтимолан ин зан истифода аз силоҳро ҳам тамрин кардааст.

Ҳамсари ӯ соли 2016 дар ҷангҳо кушта шуд. Додситонҳо дар нутқи худ гуфтанд, ки Сабина С. бо навиштани блог ҳам машғул буд ва дар ин матнҳояш зиндагии таҳти назари гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ситоиш мекард, то ки ҷангиёни бештарро ба сафи ин созмон ҷалб кунад. Дар ҷараёни додгоҳ Сабин гуфт, ки узвияташ дар ин созмони террористиро қатъ кардааст.

Сабин соли 2017 аз ҷониби нирӯҳои курдӣ боздошт шуд ва апрели соли 2018 ба Олмон баргашт.

XS
SM
MD
LG