Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуруи муколамаи байнулафғонӣ ва Толибон дар Қатар


Толибон дар Маскав ҳам дар як нишаст дар бораи сулҳ дар Афғонистон ҳузур доштанд.
Толибон дар Маскав ҳам дар як нишаст дар бораи сулҳ дар Афғонистон ҳузур доштанд.

Даҳҳо нафар аз намояндагони Афғонистон ба шумули сиёсатмадорон, занони фаъол ва дигар намояндагони ҷомеаи маданӣ дар нишасти байнулафғонӣ дар Қатар бо Толибон гуфтӯгу мекунанд. Толибон гуфтанд, 17 намояндаашонро ба муколама фиристодаанд, вале аз ҳукумат касе дар нишаст ҳузур надорад.

Чанд соат пештар аз шуруи нишаст дар Доҳа, пойтахти Қатар Толибон масъулияти бомбгузории маргталабона дар шаҳри Ғазниро бар дӯш гирифтанд, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта ва 150 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш дар як қароргоҳи амниятӣ субҳи 7-уми июл рух дод, вале аксари қурбониён донишҷӯёни як мактаби наздик дар ҳамин маҳал будаанд.

XS
SM
MD
LG