Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи 11 муҳоҷири эронӣ дар дохили қаторе дар Австрия


Муҳоҷирони эронӣ дар Сербистон
Муҳоҷирони эронӣ дар Сербистон

Пулиси Австрия мегӯяд, 11 муҳоҷири эрониро, ки мехостанд, ба Олмон бираванд, аз як қатори боркаши пур аз яхдон пайдо карданд. Мақомоти расмӣ рӯзи 6-уми июл гуфтанд, муҳоҷиронро дар ҳангоми таваққуф дар шаҳри Фурнитз дар ҷануби Австрия пайдо кардаанд.

Аз ҳузури муҳоҷирон баъди он хабардор шудаанд, ки онҳо баъди 40 соати сафар дар қатори боркаши мӯҳрзада, аз дохил садо баровардаанд. Қатор аз Словения ба Австрия ворид шудааст. Муҳоҷирон ба мақомот гуфтаанд, ки қочоқбарон онҳоро дар шаҳри Сиди Сербистон рӯзи 4-уми июл ба қатор савор карда ва гуфтаанд, ки ба Олмон мебаранд.

Ҳар яке аз муҳоҷирон ба қавли худашон барои расидан ба Олмон 1000 евроӣ пардохт кардаанд. Кумитаи Салиби Сурх гуфт, ки аҳволи муҳоҷирон хуб аст ва онҳоро ба як маркази нигаҳдории паноҳҷӯён бурдаанд.

XS
SM
MD
LG