Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъ гуфт, ҳабси нафткаши эронӣ амали "таҳдидкорона" мебошад


Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон
Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон

Амир Ҳотамӣ, вазири дифои Эрон гуфт, ки боздошти як киштии нафткаши эронӣ аз ҷониби Бритониё дар ҳафтаи гузашта “як амали таҳдидкорона ва нодуруст” аст. Изҳороти Амир Ҳотамӣ дар ин замина дар як изҳороти телевизионии ӯ рӯзи 8 июл пахш шуд. Нирӯҳои баҳрии Шоҳигарии Бритониё як киштии нафткашро рӯзи 4 июл бо иттиҳоми кӯшиши ба Сурия интиқол додани нафт боздошт карда гуфтанд, ки ин амал таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро нақз мекунад. Ин ҳодиса хашми Теҳронро барангехт ва боиси боз ҳам муташанниҷ шудани робитаҳо бо Ғарб шуд.

Гибралтар дар як иҷозае, ки аз додгоҳи олии худ дарёфт кардааст, ҳақи дар соҳилҳои худ нигоҳ доштани киштии нафткашро ба мӯҳлати 14 рӯз ба даст овард. Дар ин бора рӯзи 5 июл ҳукумати Гибралтар изҳорот дод ва ин рӯзе буд, ки фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таҳдид кард, ки дар посух киштии бритониёиро ҳабс мекунад. Ҳотамӣ инчунин гуфт, ки моҳи гузашта Эрон як дрони амрикоиро суқут дод ва бо ин кораш паём дод, ки Теҳрон тавони ҳимоят аз марзҳои худро доро аст.

Ба навиштаи оҷонсии Меҳри Эрон, инчунин, рӯзи 8 июл фармондеҳи артиши Эрон генерал-майор Абдураҳим Мусавӣ гуфт, ки Теҳрон дар фикри ҷанг бо ҳеҷ кишвар нест.

Таниш дар равобити Эрон ва ИМА баъди он афзоиш ёфт, ки Теҳрон дронро суқут дод. Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки дрон ҳарими ҳавоии ин кишварро убур кард, вале Вашингтон гуфт, ки дрон фазои обҳои байналмилалиро убур мекард.

Дар ҳамин ҳол, ИМА гуфт, ки ба хотири тасмими Эрон дар заминаи афзоиши меъёри ураниуми ғанишуда аз нишондоди дар созиши ҳастаии соли 2015 муқарраршуда, Эрон бо таҳримҳои бештар рӯбарӯ мешавад.

XS
SM
MD
LG