Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсонро таъсис медиҳанд


Дар Узбекистон бо пешниҳоди Вазорати рушди навоварӣ дар асоси Маркази фанновариҳои пешрафтаи ин кишвар ва иштироки Пажӯҳишгоҳи таҳқиқотӣ-илмии гематология ва хунгузаронӣ бонки ҳуҷайраҳои бунёдии инсон таъсис доданианд.

Феҳристи бонк ба муассисаҳои тиббии Узбекистон маълумот дар бораи мавҷуд будани намунаи ҳуҷайраҳои бунёдиро барои пайванд ба бемороне пешниҳод хоҳад кард, ки аз саратон, камхунӣ, бемории шуоъ ва касалиҳои дигари вазнин ранҷ мебаранд.

Дар сурати осеб дидани мағзи устухони худи бемор зарурати интихоби донори ҳуҷайраҳои бунёдии ин навъи мағз ба миён меояд. "Дар он замон вақт барои бемор хеле гарон аст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати рушди навовариҳои Узбекистон.

XS
SM
MD
LG