Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунад


Қароргоҳи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ.
Қароргоҳи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ.

Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дар як нишасти ғайринавбатӣ барномаҳои атомии Эронро баррасӣ мекунад. Нишаст рӯзи 10-уми июл дар шаҳри Вена шурӯъ мешавад ва чанд рӯз баъд аз онки Эрон гуфт, аз иҷрои ду банди созиши атомии соли 2015 даст кашид. Нишасти изтирории шӯрои мудирони оҷонси мазкур, ки як муассисаи Созмони Милал аст, бо дархости Амрико сурат мегирад.

Эрон эълон кард, ки дар посух ба хуруҷи Амрико аз созиши атомии соли 2015 ва барқарор кардани таҳримоти иқтисодӣ ба зидди кишвар, аз иҷрои ду банди созиш даст кашид. Аз ҷумла тавлиди ураниуми ғанишударо зиёдтар кард ва ҳам гуфт, ки ураниумро ба мизоне ғализ мекунад, ки созиши атомӣ ба он иҷоза надодааст.

Теҳрон гуфтааст, тарафҳои дигари созиш, кишварҳои аврупоӣ бояд кӯмак кунанд, ки Теҳрон аз таъсири манфии таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодии Амрико эмин бошад. Олмону Фаронса ва Бритониё аз амалкардҳои Эрон изҳори нигаронии амиқ карда ва гуфтаанд, ки ба иҷрои созиш баргарданд.

XS
SM
MD
LG