Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Суғд аз "афви" 114 нафар хабар додааст


Ҳабибулло Воҳидов
Ҳабибулло Воҳидов

Хабаргузории хусусии “Тоҷикта” мегӯяд, дар вилояти Суғд 114 нафарро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд. Хабаргузорӣ дар ин бора рӯзи 10-уми июл аз қавли Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилоят хабар додааст.

Дар ҷаласаи васеи нимсолаи додситонӣ ӯ гуфтааст, ки ҳамаи 114 нафар барои узвият дар созмонҳои мамнӯъ ва ифротӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба муноқиша дар кишварҳои дигар муттаҳам мешудаанд. Ин теъдодро дар зарфи як соли гузашта баъди бозгашт аз хориҷ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар сурати бозгашти ихтиёрии онҳое, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд ва ё дар ҷангҳое ширкат накардаанд, онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ намекашад. Ба қавли додситон, дар шаш моҳи соли 2019 дар вилояти Суғд 395 ҷинояти вобаста ба ифротгароӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG