Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадимтарин осори башарият пайдо шуд


Олимон қадимтарин осори башариятро пайдо карданд. Косахонаи сари дар Юнон пайдошуда, ба бовари олимон, на камтар аз 210 ҳазор сол таърих дорад. Дар ин бора маҷаллаи Nature хабар медиҳад.

Осори мазкур ҳанӯз дар охири солҳои 1970 аз ғори Апидима пайдо шуда буд, аммо таърихи онро танҳо ҳамакнун муайян карданд. Ба бовари олимон, яке аз косахонаҳои пайдошуда ба инсони 170 ҳазор сол пеш ва косахонаи дувумӣ ба намояндаи Homo sapiens (Инсони бошуур) тааллуқ дорад.

"Осори дар Юнон пайдошуда 16 ҳазор сол куҳнатар аз косахонаи сари инсонест, ки соли гузашта дар Исроил пайдо шуд", хабар медиҳад Associated Press.

Агар таърихи осори пайдошуда тасдиқ гардад, боварҳои моро дар бораи таърихи Homo sapiens-ҳо комилан тағйир хоҳад дод. Пештар аз ин гуфта мешуд, ки инсонҳои муосир ҳамагӣ 45 ҳазор сол пеш аз Африқо ба Аврупо кӯч бастаанд.

XS
SM
MD
LG