Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи шаҳри Нурсултон як фаъоли қазоқистониро 5 рӯз ҳабс кард


Додгоҳи шаҳрии Нурсултони Қазоқистон рӯзи 10-уми июл фаъоли маданӣ Санавар Зокироваро бо айби вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоиҳо 5 рӯз ҳабси маъмурӣ кард.

Рӯзи 9-уми июл назди дастгоҳи президенти Қазоқистон даҳҳо одам ҷамъшуда, талаб карданд, ки Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон назди онҳо барояд ва арзашонро бишнавад. Санавар Зокирова, фаъоли 51-сола, ки роҳбари ин гуруҳи одамон дониста мешуд, боздошт гардид.

Субҳи 10-уми июл эътирозгарон назди қароргоҳи президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев омада, талаб карданд, раиси Додгоҳи олии Қазоқистон истеъфо диҳад ва барои бозбинии қарорҳои ноодилонаи додгоҳҳо комисияи муштарак таъсис шавад. Гуруҳ ҳамчунин талаб кард, ки Санавар Зокироваро назди онҳо биоранд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ду шикоят аз "облава". Донишҷӯ пояшро шикаст ва дигаре аз ҳуш рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
XS
SM
MD
LG