Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ариси Қазоқистон дубора оташсӯзӣ рух дод


Рӯзи 11-уми июл дар анбори таъмири қатораҳо дар шаҳри Ариси Қазоқистон оташсӯзӣ рух дод. Дар ин бора мақомоти он шаҳр хабар доданд.

Ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулода, "дар хомӯш кардани оташ даҳҳо мошини обпош ва шумори зиёди кормандони оташнишонӣ ширкат карданд. Оташ масоҳати 2040 метри мураббаъро фаро гирифта буд". Мақомот мегӯянд, дар ин оташсӯзӣ касе кушта нашудааст. Сабаби оташсӯзӣ беэҳтиётӣ ҳангоми корҳои сохтмонӣ унвон мешавад.

Рӯзи 24-уми июн дар шаҳри Арис ҳолати изтирорӣ эълом шуд. Он рӯз дар натиҷаи оташсӯзӣ дар анбори низомӣ муҳимоти ҷангӣ таркид. Дар натиҷа ду низомӣ ва як сокини осоишта кушта шуд. Бештар аз 400 одами дигар барои дарёфти ёрии тиббӣ ба табибон муроҷиат карданд.

85 дарсади манзилҳои шаҳр дар натиҷаи он таркиш зарар диданд.

XS
SM
MD
LG